Эззоҳ барои васл кардан

Талабот аз система:

Зудрасҳо

Танҳо зудрасҳои дар системаи оператсионӣ истифоданашуда дар OpenOffice.org истифода шуданашон мумкин аст. Агар комбинатсияи зудрас дар OpenOffice.org кор накунад, санҷед, ки он дар системаи оператсионӣ дар истифода аст. Барои ҳалли ин масъала шумо метавонед зудраси системаи оператсиониро иваз кунед. Барои маълумоти иловагӣ ба кӯмаки OpenOffice.org ва ҳуҷҷатгузории системаи оперативиатон муроҷиат кунед.

Қулфкунии файлҳо

Дар намуди аслӣ дар OpenOffice.org қулфкунии файлҳо фаъол аст. Барои аз фаъолият боздоштани қулфкунӣ тағирёбандаҳои муҳити SAL_ENABLE_FILE_LOCKING=0 ва export SAL_ENABLE_FILE_LOCKING-ро иваз кунед. Ин ҷӯрсозиҳо аллакай дар файли soffice script мавҷуданд.

Огоҳӣ: Фаъолкунии қулфкунии файлҳо дар Solaris 2.5.1 ва 2.7, ки системаи файлии Linux NFS 2.0 истифода кардаанд ба мушкилӣ рӯ мезанад. Агар системаи шумо ин ҷӯрсозиҳоро дошта бошад ба шумо истифодаи қулфкунӣ тавсия карда намешавад, дар акси ҳол ҳангоми кушодани файле аз NFS аз компютери Linux OpenOffice.org аз кор бозмемонад.

Бақайдгирӣ

Бақайд гирифтан ҳангоми васлкунии маҳсулот вақти камро ишғол мекунад . Бақайдгирӣ хоҳиши мебошад вале мо ба шумо тавсия менамоем. Ҷомеаи OpenOffice.org барои ҳифзи далелҳои шахсии шумо ҳама чораҳоро меандешад. Агар шумо дар вақти васлкунӣ ба қайд надаромада бошед, метавонед баъад ин корро кунедhttp://www.openoffice.org/welcome/registration20.html

Пурсиши истифодабаранда

Пурсиши истифодабаранда ба OpenOffice.org кӯмак мекунад, ки тезтар барои иҷрокунии стандартҳои нав барои барномаи насли нав хизмат кунад. Ҷомеаи OpenOffice.org барои ҳифзи далелҳои шахсии шумо ҳама чораҳоро меандешад.

Дастгирии истифодабар

Барои кӯмак оиди OpenOffice.org 2.0 ба хазинаи 'users@openoffice.org' нигаред барои пайдо кардани ҷавоб ба саволи аллакай додашуда дарwww.openoffice.org/mail_list.html. Ҳамчунин шумо метавонед саволҳои худро ба users@openoffice.org ирсол доред. Дар хотир доред, ки барои ҷавоб гирифтан шумо бояд аъзои ин варақаи иттилоотӣ бошед.

Ҳамчунин FAQ-ро бинед дарhttp://user-faq.openoffice.org/.

Хабардиҳии хатогиҳо ва масъалаҳо

Веб саҳифаи OpenOffice.org IssueZilla, яъне механизми хабардиҳӣ ва ҳалли хатогиҳо ва масъалаҳо дорад. Мо аз истифодабарандагон хоҳиш менамоед, ки фаъолона иштирок намуда хатогии рухдодаро дар муҳити истифодабариашон хабар диҳанд.

Иштирок

Ҷомеаи OpenOffice.org аз иштироки шумо баҳравар мешавад барои такмилдиҳии барномаи коди кушод.

Ҳамчун истифодабар шумо аллакай як ҷузъи арзандаи ҷараёни барномасозӣ мебошед. Мо аз шумо хоҳиш менамоем, ки аъзои фаъоли ҷомеаи OpenOffice.org бошед. Марҳамат аъзо шавед дар: www.openoffice.org

Итминон дорем шумо аз истифодаи OpenOffice.org 2.0 хушҳол ҳастед ва хоҳони дидани шумо дар ҷомеа ҳастем.

Ҷамъияти OpenOffice.org

Коди ибтидоии Истифодашуда / Ивазшуда

Portions Copyright 1998, 1999 James Clark. Portions Copyright 1996, 1998 Netscape Communications Corporation.